21 соли созандагӣ ва ободонии ҲХДТ
Душанбе. 10.12.2015. (АМИТ “Ховар”). -Бо ибтикори намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б.Ғафуров 10 декабр аз тарафи роҳбари намояндагӣ Ф.Ҳоҷиев дарси кушод дар мавзӯи “21 соли созандагӣ ва ободонии ҲХДТ” бахшида ба рӯзи таъсиси ҲХДТ гузаронида шуд. Ба дарси мазкур хонандагони синфҳои болоии мактаби №26 минтақаи Ҳ.Усмон даъват шуданд. Ҳадафи дарс бохабар сохтани ҷавонон аз таърих, мақсад ва мароми фаъолияти пурсамари ҲХДТ дар зарфи 21 сол, ҷалби онҳо ба сафи ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ҳидоят ба корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани дониши сиёсии хонандагон буд.
Ҳоҷиев Ф. дар бораи таърихи таъсиси ҲХДТ ва фаъолияти он гуфт, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлати 10 декабри соли 1994 бе ягон замина ва таҳкурсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар ноил шудан ба ҳадафи асосии миллат-Ваҳдати миллӣ саҳми беандоза дорад. Инчунин мавсуф бобати нақши ҲХДТ дар рушди ҷомеа ибрози ақида намуда, иброз дошт, ки мо ифтихор аз он дорем, ки халқ ба мо имрӯз бовар дорад. Аз як тараф ин боиси ифтихор бошад, аз тарафи дигар ин масъулияти бениҳоят вазнин аст, зеро мо бояд пайваста заҳмат кашем, то ба қадри бовари мардуми шарифи Тоҷикистон сазовор бошем.
Зикр шуд, ки имрӯз маҳз бо ибтикор ва ғамхории Сарвари давлат дар ҳизб ташкилоти “Созандагони Ватан” фаъолият дорад. Мақсаду мароми ин ташкилот ифодакунандаи манфиатҳои ҷавонон буда, далели он аст, ки имрӯз давлату ҳукумат ва роҳбарияти ҲХДТ барои ҷавонон ҳамчун маҳаки асосии таккондиҳандаи ҷомеа шароит фароҳам оварда, аз онҳо умеди зиёд дорад. Мо ҷавонон бояд ба ин ғамхориҳо сазовор бошем, иброз дошт Ф.Ҳоҷиев.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






