459 зарардидаи заминларзаи Бадахшон ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд

Декабрь 14, 2015 12:09

Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Бино ба иттилои котиби матбуоти  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Ориф Нозимов, дар айни замон роҳи нақлиётгарди самти Рўшон — Бартанг то 95 км (байни деҳаҳои Чадуд ва Япшорв) кушода аст. Дар ин мавзеъ 2  техника ва гурӯҳҳои ихтиёрӣ барои тоза намудани роҳ аз сангрезаҳо фаъолият намуда истодаанд. Ҳамагӣ дар ин самт 12 техникаю механизмҳои махсус, 1 мошини боркаш ва 1 мошини сабукрави хизматии роҳсозон сафарбар шудаанд.
Гурўҳи корӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, муовинони раиси Кумитаи ҲФ ва МГ-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник М Салимзода ва Ҷ.Маҳмадзода дар водии Бартанг қарор дошта, аз ҷамоати деҳоти Савноб дидан намуда истодаанд.
Тибқи  маълумоти дастрасгардида, аз 11 декабр тавассути чархболҳо зарардидагон аз деҳаҳои дурдаст ба маркази ноҳия оварда шуда, дар муассисаҳои мактабӣ ва томактабии ноҳия ҷойгир карда шудаанд.
Аз 11 то 13 декабр ҳамагӣ 459 нафар, аз онҳо 240 кӯдак ва 219 калонсол кӯчонида шуданд.

Декабрь 14, 2015 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд