6 корманди нуқтаи мубодилаи асъор боздошт шуд
Душанбе, 1.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар даҳаи сеюми моҳи ноябри соли ҷорӣ вазъи бозори нақдии хариду фурӯши доллари ИМА боз ҳам ноустувор гашта, суръати тағйирёбии қурби нақдӣ нисбат ба моҳҳои гузашта ба маротиб зиёд гашт.
Таҳлили бозор нишон медиҳад, ки кормандони алоҳидаи нуқтаҳои мубодилаи асъор аз чунин вазъ сӯйистифода бурда, бо ҳар гуна роҳу восита қурби фурӯши доллари ИМА-ро беасос ва худсарона баланд мекарданд. Барои пешгирӣ намудани ин ҳолатҳо кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти прокуратура дар ҳайати гурӯҳҳои фаврии муштарак 27 ноябри соли ҷорӣ 6 корманди нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилоти амонатии қарзии хурди «Васлат», «Азизи молия”, “Вориси замон” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”-ро дар шаҳри Душанбе муайян ва боздошт карданд.
Маълум гашт, ки онҳо маблағҳои ҳангуфти пули миллӣ ва асъори хориҷиеро, ки аз маблағҳои зерҳисобашон чандин маротиба зиёданд, дар хазина нигоҳ дошта, ба хариду фурӯши ғайрирасмии асъор машғул будаанд.
Маҳз чунин беинсофӣ ва бемасъулиятии ба ҳамин монанди кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор Бонки миллии Тоҷикистонро водор кард, ки барои барҳам додани нуқтаҳои мазкур қарор қабул намояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






