800 млн. сомонӣ барои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангу варзишӣ

Декабрь 8, 2015 09:55

Суғд, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар давраи моҳҳои январ- октябри соли равон ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангу варзиши вилояти Суғд беш аз 797,8 миллион сомонӣ равона гардид, ки ин 81,4 фоизи хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии вилоятро дар бар мегирад. 
Бо таъкиди ин нукта аз Сарраёсати молияи вилоят хабар доданд, ки  дар ин давра барои маблағгузории соҳаҳои маориф 451,3 миллион сомонӣ, нигаҳдории тандурустӣ 225,1 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 13,8 миллион сомонӣ ва фарҳангу варзиш 107,5 миллион сомонӣ ҷудо шуд. Ҳамзамон, маблағгузории хароҷоти аввалиндараҷаю зарурии соҳаҳои мазкур, аз ҷумла пардохти саривақтии музди меҳнат ва маоши кормандони ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, пурра ва сари вақт роҳандозӣ гардид.

Декабрь 8, 2015 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд