Ҳаҷми пасандозҳои низоми бонкӣ 31,8 фоиз афзудааст
Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми пасандозҳои низоми бонкӣ 8,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,8 фоиз афзудааст. Бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 16,7 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 39,3 фоиз афзоиш ёфт. Шумораи пасандозҳои ҷалбшуда дар ин давра 27,5 фоиз зиёд шуд.
“Дороиҳои умумии ташкилоти қарзӣ дар 10 моҳ 18,1 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 15,6 фоиз афзуданд. Уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии ташкилоти қарзӣ мувофиқан 15,4 млрд. сомонӣ ва 2,7 млрд. сомониро ташкил намуда, мутаносибан 16,9 фоиз ва 8,7 фоиз зиёд шуданд”,- зикр дошт раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, 2 декабр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар 10 моҳ 10,5 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,5 фоиз зиёд гардид.
Бақияи қарзҳои дарозмуҳлат ҳаҷми умумии қарзҳоро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,4 банди фоизӣ зиёд мебошад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






