Ҳаҷми пасандозҳои низоми бонкӣ 31,8 фоиз афзудааст

Декабрь 3, 2015 05:37

Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми пасандозҳои низоми бонкӣ 8,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,8 фоиз афзудааст. Бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 16,7 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 39,3 фоиз афзоиш ёфт. Шумораи пасандозҳои ҷалбшуда дар ин давра 27,5 фоиз зиёд шуд.
“Дороиҳои умумии ташкилоти қарзӣ дар 10 моҳ 18,1 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 15,6 фоиз афзуданд.  Уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии ташкилоти қарзӣ мувофиқан 15,4 млрд. сомонӣ ва 2,7 млрд. сомониро ташкил намуда, мутаносибан 16,9 фоиз ва 8,7 фоиз зиёд шуданд”,- зикр дошт раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед  Нурмаҳмадзода, 2 декабр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар 10 моҳ 10,5 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,5 фоиз зиёд гардид.
Бақияи қарзҳои дарозмуҳлат ҳаҷми умумии қарзҳоро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,4 банди фоизӣ зиёд мебошад. 

 

Декабрь 3, 2015 05:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад