Ҳадафи асосии эътилофи нави исломӣ ҳифзи ислом аз терроризм аст
Душанбе, 17.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳадафи асосии эътилофи нави исломӣ аз терроризм ҳифз намудани ислом аст. Эътилофи зиддитеррористии исломӣ на иттиҳоди ҳарбӣ, балки иттиҳоди ғоявӣ ба шумор меравад, — гуфт дар нишасти матуботӣ дар шаҳри Анқара котиби ВКХ Туркия Танжу Билгич.
«Эътилоф сохтори ҳарбӣ намешавад. Ҳамкории ҳарбию иктишофӣ дар муборизаи зидди гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» муҳим аст, вале ҷиҳати ғоявии мубориза бо терроризм низ арзи вуҷуд дорад. Ин мубориза бояд танзим гардад, то ислом бо терроризм иттифоқ карда натавонад», — суханони Билгичро иқтибос меорад РИА Новости.
Арабистони Саудӣ эътилофи исломӣ иборат аз 34 кишварро ба манзури мубориза бо терроризм ташкил дод. Маркази муттаҳидаи амалиёти фаврӣ дар пойтахти Арабистони Саудӣ шаҳри Ар — Риёд қарор мегирад. Мутобиқи матни изҳорот, эътилоф барои «муқовимат бо терроризм, ки ба манофеи миллати ислом хавф меорад, бо дарназардошти ҳуқуқи халқҳо ба худмуҳофизат ташкил карда мешавад».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






