Афғонистон ба узвияти комили Созмони умумиҷаҳонии савдо қабул шуд
Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар даҳумин нишасти вазирони узви Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) Афғонистон ба узвияти комили ин созмон пазируфта шуд. Ин конфронс аз 15-ум то 17-уми декабри соли равон дар шаҳри Найробӣ, пойтахти Кения баргузор шуд. Лозим ба ёдоварист, ки Афғонистон дархост барои узвияти комил дар СУС-ро 11-сол пеш матраҳ карда буд. Пас аз эълони расмии узвияти Афғонистон дар созмони мазкур Муҳаммадҷон Раҳмонӣ, муовини аввали Раёсати иҷроияи Ҳукумати ин кишвар зимни суханронӣ ин тасмими аъзои созмонро «таърихӣ» хонд ва изҳор дошт, ки: узвият дар созмони мазкур бахше аз ҳадафи стратегии Афғонистон барои расидан ба сулҳу субот ва рушди соҳаи иқтисодӣ мебошад. Ӯ гуфт, ки узвияти Афғонистон дар СУС ба рушди сармоягузорӣ дар ин кишвар кумак мекунад ва ҳамчунин бо фароҳам шудани заминаи кор барои мардуми Афғонистон, бахусус занон ва ҷавонон метавон аз густариши терроризм дар ин кишвар ҷилавгирӣ кард.
СУС ба Афғонистн 5 сол муҳлат додааст, то тамоми қонунҳои худро мутобиқ бо меъёрҳои ин созмон бисозад. Афғонистон, ки пеш аз ин ба унвони узви нозир дар ин созмон ҳузур дошт, рӯзи панҷшанбе, 17-уми декабр расман ба унвони узви комили СУС шинохта шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






