Ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ дар назди Р. Раҳимзода

Декабрь 2, 2015 11:33

Душанбе, 02.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 2-уми декабр дар РВКД дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ дар назди вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо иштироки сардорони раёсатҳо ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Мақсади ҷаласаи васеи фаврӣ-хизматӣ мавриди иҷро қарор додани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми ноябри соли ҷорӣ баён гардиданд.
Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо аҳли ҷомеа корро пурзӯр намуда, дар ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ фаъолият намоянд.
Ҳамчунин дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 

Декабрь 2, 2015 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад