Ҷаласаи якуми Гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал
Душанбе, 24.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 23 декабри соли 2015 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал барои давраи то соли 2030 ва омодасозии пешниҳод оид ба таҳияи лоиҳаи «Стратегияи дарозмуддати ислоҳоти идоракунии маҳаллӣ» баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, аъзои гурўҳи корӣ: Ҷўразода Тоҷиддин, муовини раиси Кумитаи рушди маҳал (роҳбари Гурўҳи корӣ), Р.К. Каримзода, референти калони роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, А.Б. Яхшиев, мудири бахши Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ф.Ф. Сайдуллозода, мудири бахши Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Малоҳат, муовини сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Ҷ., сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, С. Ғ. Ҳамидов ва намояндагони БРСММ иштирок каарданд.
Раиси кумита Қосим Роҳбар дар ҷаласаи нахустини Гурўҳи корӣ зикр кард, ки дар асоси пешниҳоди Кумитаи рушди маҳал аз тарафи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи «Консепсияи идоракунии рушди маҳал барои давраи то соли 2030» ва омодасозии пешниҳодот оид ба таҳияи лоиҳаи «Стратегияи дарозмуддати ислоҳоти идоракунии маҳаллӣ» таъсис ва тасдиқ шуд. Гурўҳи кории байниидоравӣ татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал, ки барои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагонии мардум равона мегардад ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба он нигаронида шудааст, тамоми тадбирҳоро бояд андешид.
Ҷўразода Тоҷиддин, муовини раиси Кумитаи рушди маҳал (роҳбари Гурўҳи корӣ) ёдовар шуд, ки яке аз рисолати асосии Гурўҳи корӣ ин таҳия ва ба роҳбарият пешниҳод намудани лоиҳаи Нақшаи амал ба ҳисоб меравад. Ў зарур шуморид, ки барои фаъолияти минбаъда бояд лоиҳаи Оинномаи Гурўҳи корӣ таҳия шавад.Ҷўразода Тоҷиддин ҳамчунин саҳми беандозаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳидро дар фаъолияти кори кумита беназир ҳисобид.
Дар ҷаласа пешниҳод шуд, ки барои дар асоси оиннома ба низом даровардани фаъолияти минбаъда бояд Гурўҳи корӣ на камтар аз 2 маротиба дар як моҳ ҷамъ шавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






