Ҳалокати беш аз 100 нафар бар асари таркиш дар корхонаи газ дар Нигерия

Декабрь 25, 2015 04:18

Душанбе, 25.12.2015 (АМИТ «Ховар») .- Бар асари таркиш дар корхонаи коркарди гази ширкати Chikason Group дар шаҳри Нневии Нигерия беш аз 100 нафар ҳалок шуд. Дар ин бора «Naij » хабар медиҳад.
Қурбониёни ин таркиш аксаран дар оташ фавтидаанд.
Бино ба иттилои шоҳидон, ин ҳодиса соати 11-и рӯз рух додааст. Ҷабрдидагон ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол дода шудаанд. 
Наҷотдиҳандагон аз сабаби зиёд будани алангаи оташ сари вақт натавонистаанд, ки ба корхона ворид шаванд. 
Reuters дар мавриди 4 фавтида ва 4 осебдида хабар додааст.
Таркиш ҳангоми пур кардани зарфҳои  газ ба амал омада, корхона пурра хароб гардидааст. Инчунин якчанд хонаи истиқоматии атрофи  корхона хисорот дидаанд. 

 

Декабрь 25, 2015 04:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд