Ҷамъбасти фестивал — озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи ҷавони беҳтарин»

Декабрь 23, 2015 12:42

Душанбе, 23.12.2015. (АМИТ «Ховар»). —  Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба эълон шудани соли 2015 «Соли оила» Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо  фестивал- озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи ҷавони беҳтарин»- ро ба роҳ монд.  
Ба иттилои мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова, давоми 3- моҳ дар тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳо марҳилаи якум ва дуюми  фестивал — озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи ҷавони беҳтарин» баргузор гардид, ки мақсад аз он пойдор намудани оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии оилаҳо мебошад.  
Ҳамчунин ба гуфтаи Маҳбуба Азимова дар озмуни мазкур  аъзои ҳакамонро намояндагон  аз Вазорати адлияи ҶТ, Вазорати фарҳанги ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуданд ва аз байни нуҳ оилаи ҷавон оилаи Ҷӯрабековҳо аз шаҳри Ваҳдат соҳиби Шоҳҷоиза гардид. 
Тибқи иттилои масъулин фестивал — озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи ҷавони беҳтарин»  бори аввал дар байни оилаҳои ҷавон ба роҳ монда шуда,  он дар сатҳи баланд баргзор гардид . 

Декабрь 23, 2015 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд