Ҳамоиш: “Терроризм ва экстремизм-зуҳуроти хатаровар”
Душанбе, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар факултети физикаю техникии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров чорабинии тарбиявӣ бахшида ба қабул гардидани Қонуни ҶТ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” ва роҷеъ ба масъалаҳои терроризму ифротгароӣ бо иштироки прокурори калони шуъбаи назорати судии прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлия Фаррух Абдулло, мудирони кафедраҳо, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар чорабинӣ декани факултети физикаю техника Раҳим Назаров доир ба ҷонибдорӣ гардидани Қонуни ҶТ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” маълумот дод.
Шавкат Шарипов, дотсенти кафедраи таърихи ватани факултети таърих ва ҳуқуқ аз хидматҳои шоёни Президенти кишвар дар тӯли 24-соли мавҷудияти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳарф зада, иброз намуд, ки маҳз бо саъю талош, кӯшишҳои суботкоронаи фарзанди фарзонаи миллат Тоҷикистони мо аз вартаи нобудшавӣ раҳоӣ ёфта, имрӯзҳо дар радифи мамлакатҳои рушдёфтаи ҷаҳон қарор дорад.
Фаррух Абдулло, прокурори калони шуъбаи назорати судии вилояти Суғд зикр намуд, ки пешгирии ҳар гуна ҷиноятҳои номатлуб, шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, пешгирии онҳо аз амалҳои террористиву ифрротгароӣ ва ба роҳи рост ҳидоят кардани ҷавонон вазифаи ҳар як фарди солим аст. Дар маърӯза таҳти унвони “Терроризм ва экстремизм-зуҳуроти хатаровар” роҷеъ ба фаъолияти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд дар роҳи мубориза бар зидди ҳар гуна зуҳуроту амалҳои номатлуб аз ҷониби ҷавонон ва пешгирии ин ҳодисаҳо бо далелҳои мушаххас маълумот пешниҳод гардид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






