Ҳамовозии сокинони Қайроққум ба қабули қонун оид ба Пешвои миллат

Декабрь 23, 2015 09:46

Қайроққум, 23.12.2015. (АМИТ “Ховар”).-Имрӯзҳо  дар тамоми манотиқи кишвар ба ҷонибдории қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулху вахдати миллӣ -Пешвои миллат» чорабиниҳои мухталиф ҷараён доранд. Максад аз баргузории чунин ҷамъомадҳо- ин баёни ҳамовозии сокинони кишвар ба қабули қонуни мазкур ва  ибрози дастгирии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат мебошад. 
Дирӯз дар радифи чунин чорабиниҳо дар шаҳраки барқчиёни шимоли кишвар — Қайроққум раҳпаймоӣ доир гардид. 
Тавре ки ба АМИТ “Ховар”  масъули хадамоти матбуотии мақомоти шаҳри Қайроққум Рустам Одиев хабар дод,  дар раҳпаймоие, ки дар кўчаи марказии шаҳр доир гашт, беш аз 1500 ҷавон, намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии шаҳр ширкат варзида, ҷонибдории хешро  аз Пешвои миллат эътироф шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд. 
Чорабинии мазкур бо ҳузури кулли сокинони шаҳр дар назди майдони Кохи Истиқлол доир гашта, дар он раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода иброз дошт, ки таҷрибаи сулҳоварие, ки дар низоми таълимоти сиёсии Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон ҷойгоҳи махсус касб карда буд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир эътироф шудааст ва ҳадаф аз меҳвари асосии ҳамоиши имрӯза  низ- ин  баёни ҳамовозии сокинони шаҳри Қайроққум аз эътироф ва дастгирии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ба ҳисоб меравад, зеро мардуми шарафманди тоҷик дар симои Президенти худ, пеш аз ҳама, пуштибони мардум, ҳомии Конститутсия ва қонунҳоро мебинад. 
Иштирокдорони дигар низ доир ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, ки тавассути қудрату қобилияти ташкилотчигӣ, азму иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд, сухан карда, ҷонибдории худро иброз доштанд. 

 

Декабрь 23, 2015 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд