Амрико аз Туркия даъват кард, ки неруҳои беиҷозат даровардаашро аз Ироқ барорад

Декабрь 17, 2015 09:15

Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Амрико аз Туркия даъват кард, ки неруҳои беиҷозат даровардаашро аз шимоли Ироқ барорад ва ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ин кишвар эҳтиром гузорад.
Муовини президенти Амрико Ҷо Байден бо сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Абадӣ оид ба ҷойгиркунии неруҳои Туркия гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. 
«Муовини президент бори дигар тарафдории Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро аз соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Ироқ тасдиқ карда, аз Туркия даъват кард, ки бо баровардани неруҳояш аз қаламрави Ироқ, ки бе иҷозати ҳукумати ин кишвар даровардааст, чунин кунад», — гуфта мешавад дар изҳороти Кохи Сафед.
Гуфтугӯи телефонии Байден ва ал-Абадӣ ду рӯз пас аз суҳбати муовини президенти ИМА бо сарвазири Туркия Аҳмад Довутоғлу баргузор шуд.

Декабрь 17, 2015 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад