Ангуштнамоии Покистону Афғонистон ба сўи якдигар

Декабрь 9, 2015 12:54

Душанбе, 9.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Конфронси «Қалби Осиё», ки рўзҳои 8-9 декабр дар шаҳри   Исломобод — пойтахти Покистон баргузор шуд, Навоз Шариф ва Ашраф Ғанӣ ба сўи якдигар бо ангушти иттиҳом ишора карданд. Сарвазири Покистон Навоз Шариф зимни суханронии худ дар конфронси мазкур гуфт, ки гашту гузори муҳоҷирони афғон дар марзҳои Афғонистону Покистон таҳдидомез аст. 
Номбурда дар идомаи суханронии хеш хостори берун шудани муҳоҷирони Афғонистон аз қаламрави кишвараш шуда, ҳамзамон таъкид кард, ки бозгашти ин муҳоҷирон метавонад ба таъмини субот дар Афғонистон мусоидат намояд.  
Сарвазири Покистон иброз дошт, ки кишвараш аз талошҳои Афғонистон барои барқарории сулҳу оромӣ дар ин кишвар ҷонибдорӣ менамояд. 
Бино ба гуфтаи Сарвазири Покистон, терроризм душмани муштараки Афғонистону Покистон мебошад ва ҳар ду кишвар бояд дар ҳамкории муштарак бо ин падида мубориза баранд. 
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки дар ин конфронс ширкат ва суханронӣ намуд, зикр кард, ки дар Афғонистон нобоварии бузурге нисбат ба Покистон ба вуҷуд омадааст. 
Вай бо хитоб ба ҷониби Покистон гуфт, ки мо набояд аз бозигарони ғайридавлатӣ ҳамчун воситаи сиёсати хориҷии худ истифода кунем. Президенти Афғонистон дар идома изҳор намуд, ки кишварҳо набояд ба падидаи терроризм ба унвони як барномаи кўтоҳмуддат бо мақсади расидан ба ҳадафҳои худ муносибат намоянд.
Дар Конфронси «Қалби Осиё» намояндагони беш аз 40 кишвари узв ва ҳомиёни он ва беш аз 10 ниҳоди байналмилаливу минтақавӣ иштирок намуданд.
Нахустин Конфронси «Қалби Осиё» дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар соли 2011 дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор шуда буд. Нишастҳои баъдӣ дар кишварҳои Афғонистон, Қазоқистон ва Чин дар солҳои 2012, 2013 ва 2014 баргузор шудаанд. 

 

Декабрь 9, 2015 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ