Армуғони солинавии шаҳрдори Хуҷанд ба тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳ
Хуҷанд, 30.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Дар арафаи соли нави мелодӣ бо ибтикори мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд ба бештар аз ду ҳазор шахси ниёзманд, яккаву танҳо ва нафарони имконияташон маҳдуд кумаки яквақта ва туҳфаҳои солинавӣ расонида шуданд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз дастгоҳи раиси шаҳр иттилоъ доданд, дирӯз шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии идонаи солинавӣ дар мактаб-парваришгоҳи махсуси кӯдакони имконияташон маҳдуди маркази вилоят иштирок намуда, онҳоро бо фарорасии соли нави мелодии 2016 табрик гуфта, туҳфаҳои хотиравии солинавӣ супорид.
Сипас барои 250 тарбиятгирандаи мактаб-парваришгоҳи мазкур дастурхони идонаи солинавӣ ороста шуда, аз номи Сарвари давлат ба ҳар яки онон либосҳои гарм ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ “Ховар” рохбари дастгохи шаҳрдори Хуҷанд Биволида Самадова хабар дод.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






