Ашт: «Мо дар атрофи Шумоем, Пешвои миллат!»

Декабрь 25, 2015 12:34

Ашт, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). —   Дар маркази ноҳияи Ашт- шаҳраки Шайдон бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» роҳпаймоӣ баргузор гардид.
Дар роҳпаймоӣ бо шиори «Мо дар атрофи Шумоем, Пешвои миллат!» кормандони корхонаву ташкилот, муассисаҳо, одамони касбу кори гуногун ва наврасону ҷавонон иштирок намуданд.
Баъдан дар варзишгоҳи марказии ноҳия муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода дар назди иштирокдорони чорабинӣ зикр намуд:  «Мақоми қонунгузори кишвар аз номи халқи мамлакат расман эътироф намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни фаъолияти сиёсиаш ба ҳайси Сардори давлат тавассути талошҳои пайгирона барои таъмини амнияту якпорчагии кишвар, сулҳу салоҳ ва хидматҳои беназираш дар ҷодаи фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва фаъолияти ҳар шахс ва шаҳрванд дар қалби мардум ҳамчун Пешвои миллат маъво гирифтааст, ки ин боиси ифтихори ҳар як фарди ватандӯст буда, мардуми ноҳияи мо низ аз қабули он фараҳманд мебошанд». 

 

Декабрь 25, 2015 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд