Ҷавонони Хатлон: Сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф кард

Декабрь 11, 2015 11:26

Қурғонтеппа, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар). — Дар Донишгоҳи давлатии  шаҳри Қурғонтеппа  вохӯрии  донишҷӯён бо муовини раиси  вилояти Хатлон  Шерзода  Ситора  Маннон  баргузор гардид. С.Шерзода  зикр намуд, ки имрӯз  бо   дастгирии  роҳбарияти  ҷумҳурӣ ҷавонон  тамоми имкониятҳоро доранд, то соҳиби  касбу  ҳунар шуда,  дар соҳаҳои гуногуни  иқтисоди ҷумҳурӣ  фаъолият намоянд.  С.Шерзода   иқдоми  намояндагони  мардумӣ  барои ба  Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон  додани унвони  «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро  амри зарурӣ  хонда,  аз  хизматҳои роҳбари давлат ба  мардуми Тоҷикистон  ёдовар шуд.  Ҳамзамон  зикр гардид, ки  маҳз  сиёсати хирадмандонаи  Президенти мамлакат  Тоҷикистонро дар арсаи  ҷаҳонӣ  маъруф  кард.
Дирӯз  ҳамчунин дар  конфронс  бахшида  ба  21- солагии  таъсиси  ҲХДТ, ки дар шаҳри Қурғонтеппа  баргузор гардид,  аз заҳматҳои Президенти мамлакат дар  барқарорсозии сулҳу  осоиштагӣ дар  ҷумҳурӣ  сухан  рафт.  Зикр гардид, ки  сиёсати пешгирифтаи Президенти  кишвар  Эмомалӣ Раҳмон  ба  ҷавонон имконият  медиҳад, ки дар ояндаи кишвар  саҳми  худро гузоранд.  Барои таҳсили ҷавонон  имрӯз  дар  ҷумҳурӣ  тамоми  шароит фароҳам оварда  шудааст.      
Чунин  чорабиниҳо  дар Донишкадаи энергетикии  Тоҷикистон дар  Қурғонтеппа,  беморхонаи  вилоятӣ ба  номи Б. Воҳидова  ва  идораи  маорифи  шаҳри Қурғонтеппа  баргузор гардиданд.

 

Декабрь 11, 2015 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд