Қазоқистон узви комилҳуқуқи СУС

Декабрь 1, 2015 07:01

Душанбе, 01.12.15. (АМИТ «Ховар»). – Қазоқистон аз  30  ноябр узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии  савдо  мегардад,  гуфт  президенти  кишвар  Нурсултон Назарбоев  зимни  суханрониаш  тавассути телевизион.
«30 ноябр  Қазоқистон  узви   комилҳуқуқи  Созмони  умумиҷаҳонии  савдо гардид. Дар  ҷаласаи Ассамблеяи  генералии  СУС дар  ин  бора расман эълон  карда  мешавад. Ин  марҳалаи  муҳими  таърихи Қазоқистони  мустақил  аст», —  гуфт  Нурсултон  Назарбоев.  
Парлумони  ҷумҳурӣ  дар  охири моҳи  июл протоколро  дар  бораи ба   созмон ворид  шудани Қазоқистон  ба  имзо  расонида буд. Моҳи  сентябр  парлумони  кишвар  ҳуҷҷатро тасдиқ  намуда, онро президент  имзо  кард. Қазоқистон узви 162 – уми созмон  гардид. 
Гуфтушунид  дар  бораи  воридшавии  Қазоқистон  ба  СУС  қариб 20  сол  идома  ёфт, дархост дар  бораи  воридшавӣ ба  созмони  мазкур  29  янввари  соли 1996 дода шуда буд. Русия баъди  18 – соли гуфтушунид  дар  соли  2012  узви Созмони  умумиҷаҳонии  савдо  гардид. 

Декабрь 1, 2015 07:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ