Ба садама дучор шудани мошини рабудашуда
Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар) -15 декабри соли равон, тахминан соати 19:30 ҷавони 24 солаи сокини ноҳияи Варзоб мошини шахсии тамғаи “Саманд”-и ҳамдеҳаи худ- ҷавони дигари 24- соларо рабуда, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Варзобқалъаи ноҳияи мазкур ба мошини тамғаи “Лексус-570”, таҳти идораи ронанда, сокини 53-солаи шаҳри Душанбе бархӯрда, ҳаракати худро идома медиҳад. Номбурда дар километри 25-уми роҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд” аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуд.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 23 солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 16 декабри соли равон, тахминан соати 13:00 дақиқа шахсони номаълум аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Чимтеппа мошини шахсиаш тамғаи “ВАЗ-2106” -ро рабудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони рабудани мошини мазкур, ду ҷавони 18 ва 19- солаи сокинони ноҳияи Рӯдакиро дастгир намуданд.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






