Балҷувон: норасоии кадрҳои омӯзгорӣ бартараф мешавад

Декабрь 24, 2015 12:18

Балҷувон, 24.12.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар давоми солҳои охир муҳассилини муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Балҷувон дар олимпиада ва озмунҳои фаннӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва медалҳо мегарданд. Имсол низ чанд тан аз хонандагони ин муассиса дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ иштироки фаъол доштанд.  Ба  гуфти  ғолибони олимпиадаи  вилоятӣ Нозанини Идибек ва  Сафаралии Ҳабибулло, дар муассисаи мазкур беҳтарин омӯзгорон ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд. Мактаби №1 калонтарин муассисаи таълимии ноҳияи Балҷувон ба шумор меравад. 
Бино ба иттилои шуъбаи маориф ҳоло норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар  ноҳияи Балҷувон бартараф ва аксари мактабҳо навсозӣ шуда, аз хонаҳои шахсӣ бароварда  шудаанд.

Декабрь 24, 2015 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш