Бар асари обхезӣ дар ҷануби Ҳиндустон 188 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 230 ҳазор нафар аз хонаю дар маҳрум шуд

Декабрь 4, 2015 09:27

Душанбе, 04.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Тайи  ду  ҳафтаи  охир  дар  музофоти  Тамилнади  Ҳиндустон бар  асари  обхезӣ  қариб 188 нафар  ҳалок гардида, беш  аз  230  ҳазор  нафар  аз хонаю  дар  маҳрум  шуд.  Рӯзи  чоршанбе  пулиси  маҳаллӣ  дар  ин  бора хабар дод,  иттилоъ  медиҳад  ТАСС.
Баландшавии  бемисли  сатҳи  дарёҳо  боиси  боришоти  шадид  гардида,  ҳукуматдорон маҷбуранд, ки  вазъияти  фавқулодда  ҷорӣ  намоянд. Маркази маъмурии  музофот —  шаҳри Ченнаи, ки  5  миллион  аҳолӣ  дорад,  аз  ҳама  бештар   зарар  дидааст.
«Бисёр  кӯчаҳо,  аз ҷумла  роҳҳои  асосии  мошингарди  музофоти  мазкур  зери об  монда, роҳҳои  алоқа хароб  гардида,  60  фоизи  биноҳои атрофи  шаҳр, ҳамчунин  нисфи  маҳаллаҳои он  аз  нерӯи  барқ  маҳрум  шудаанд, — шарҳ доданд  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ. — Корхонаҳои саноатии  маҳаллӣ  корро  қатъ намуда, масоҳати  зиёди  фурудгоҳи  Ченнаи ғарқи об  шудааст.  Парвози бисёр  ҳавопаймоҳо  ва  ҳаракати  қатораҳо  манъ  гардидааст».  Дар  деҳот  дастаҳои  наҷотдиҳандагон  ва  қисмҳои  ҳарбӣ  амал  карда, мардумро  аз  ҷойҳои  хатарнок  ба ҷойҳои бехавф  мекӯчонанд. Мувофиқи  маълумоти  охирин, то имрӯз ба онҳо  муяссар  шудааст, ки беш  аз 3 ҳазор  нафар  осебдидагонро  берун  аз  минтақаи  офати  табиӣ  намоянд. 
Назар  ба  пешгӯии  ҳавошиносон,  боришот  дар  ин  минтақа  тайи  се  рӯи  наздиктарин   давом  мекунад.

 

Декабрь 4, 2015 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ