Барак Обама нияти нест кардани «Давлати исломӣ» — ро дорад
Душанбе, 07.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Президенти ИМА Барак Обама зимни суханрониаш тавассути телевизион дар шаҳри Сан — Бернардинои иёлати Калифорния оташборон шудани шумораи зиёди мардумро амалиёти террористӣ қаламдод карда, Конгресси ИМА — ро даъват намуд, ки барои истифодаи қувваҳои ҳарбӣ зидди гурӯҳи «Давлати исломӣ» иҷозат диҳад. Дар ин бора CNN хабар медиҳад.
«Ҳадафи ин падидаи терроризм куштани одамони бегуноҳ аст», — фоҷиаи Сан — Бернардиноро шарҳ дода гуфт Барак Обама. Роҳбари Қасри сафед гуфт, ки роҳбарии тирандозони Калифорния Сайёд Ризвон Фаруқ ва Ташфин Маликро ба ӯҳда доштани «ягон хел террористони хориҷа», ё «як қисми сӯиқасди васеътари» зидди ИМА будани ин ҳамла ҳанӯз исбот нашудааст. Барак Обама ҳамзамон изҳор дошт, ки «хавфу хатари терроризм воқеият дошта» ИМА марҳалаи нави ҷанг бо терроистонро оғоз намуда, «онро бартараф сохтанист».
«Мо ДИ ё ҳар гуна созмони дигареро, ки ба мо зарар расониданист, нест мекунем», — гуфт президент. Барак Обама итминон дод, ки низомиёни Амрико «шикори» террористонро дар саросари ҷаҳон «давом медиҳанд».
Тавре ки роҳбари Қасри сафед иброз дошт, ИМА барои муқовимат ба терроризм, аз ҷумла барои ҳамкорӣ бо иттифоқчиёни худ ва Русия «ҳамаи имконотро» истифода карданист. Ба тахмини Обама, хотима бахшидани ҷанг дар Сурия ба эътилофи ҷаҳонӣ ва Русия ёрӣ мекунад, ки зидди «Давлати исломӣ» мубориза баранд. Мавсуф ҳамзамон изҳор дошт, ки ИМА набояд «амалиёти серхарҷи рӯизаминӣ» — ро оғоз намояд.
Гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» куштори оммавӣ дар иёлати Калифорнияро ба дӯши худ гирифт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






