Барак Обама нияти нест кардани «Давлати исломӣ» — ро дорад

Декабрь 7, 2015 04:37

Душанбе, 07.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Президенти  ИМА  Барак  Обама   зимни  суханрониаш  тавассути  телевизион  дар  шаҳри Сан — Бернардинои иёлати Калифорния  оташборон  шудани шумораи  зиёди  мардумро   амалиёти террористӣ қаламдод  карда,  Конгресси  ИМА — ро  даъват  намуд, ки  барои истифодаи қувваҳои  ҳарбӣ  зидди  гурӯҳи «Давлати исломӣ» иҷозат  диҳад. Дар  ин  бора CNN   хабар  медиҳад. 
«Ҳадафи ин  падидаи  терроризм  куштани  одамони  бегуноҳ  аст», — фоҷиаи  Сан — Бернардиноро  шарҳ дода  гуфт Барак  Обама. Роҳбари Қасри  сафед  гуфт, ки роҳбарии тирандозони Калифорния Сайёд Ризвон Фаруқ ва Ташфин Маликро ба  ӯҳда доштани «ягон  хел террористони хориҷа», ё «як  қисми  сӯиқасди васеътари» зидди  ИМА будани ин  ҳамла  ҳанӯз  исбот  нашудааст. Барак  Обама  ҳамзамон  изҳор  дошт, ки «хавфу  хатари  терроризм воқеият  дошта» ИМА марҳалаи  нави ҷанг бо терроистонро оғоз  намуда, «онро бартараф  сохтанист». 
«Мо ДИ ё  ҳар  гуна  созмони   дигареро, ки  ба  мо  зарар  расониданист,  нест  мекунем», — гуфт президент. Барак  Обама  итминон  дод, ки  низомиёни   Амрико «шикори» террористонро  дар  саросари  ҷаҳон  «давом  медиҳанд».
 Тавре  ки роҳбари  Қасри  сафед  иброз  дошт, ИМА барои муқовимат  ба терроризм,  аз ҷумла  барои  ҳамкорӣ  бо иттифоқчиёни  худ  ва  Русия «ҳамаи имконотро» истифода  карданист. Ба  тахмини  Обама, хотима  бахшидани  ҷанг  дар  Сурия  ба эътилофи  ҷаҳонӣ   ва  Русия ёрӣ  мекунад, ки  зидди  «Давлати  исломӣ»  мубориза баранд. Мавсуф   ҳамзамон   изҳор  дошт, ки   ИМА  набояд «амалиёти серхарҷи  рӯизаминӣ» — ро оғоз  намояд.
Гурӯҳи  ифротгарои «Давлати  исломӣ» куштори  оммавӣ  дар  иёлати   Калифорнияро  ба дӯши  худ  гирифт.

 

Декабрь 7, 2015 04:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд