Баррасии бартарафсозии оқибати заминларза бо иштироки Сарвазири мамлакат дар Рӯшон
Душанбе, 13.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар муассисаи таълимии давлатии «Мактаб-Интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рушони ВМКБ» ҷаласа баргузор намуд, ки дар он роҳбарони аввали вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумак ба зарардидагони зилзила дар вилояти Бадахшон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки рӯзи 11-уми декабри соли равон бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи дуюми кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуд, ки ба он роҳбарони аввали вазорату идораҳои марбута шомил гардидаанд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва гуруҳи кории ҳукуматӣ ба водии Бартанг, ки аз ҳама бештар хисорот дидааст, сафар намуда, бо аҳолии аз заминларза зарардида мулоқот анҷом доданд. Ба аҳолии зарардида кӯмакҳои Сарвари давлат расонида шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ низ ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рушон кумаки молӣ расонида шуд.
Зимни сафари корӣ, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба хонаи корманди фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, лейтенанти милитсия Шогунбеков Илҳом Таслимбекович — нозири минтақавии милитсияи ШВКД дар ноҳияи Рушон рафта, ба аҳли оилаи ӯ изҳори ҳамдардӣ баён намуда, миқдори муайяни пулӣ кӯмаки молӣ расонид.
Ёдовар мешавем, ки тахминан соати 02:00-и шаби 8-уми декабри соли 2015 дар деҳаи Аҷирхмии ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рушон, автомашинаи гуруҳи фаврӣ-тафтишотии ШВКД дар ноҳияи мазкур, ки бо мақсади муайян намудани зарар аз офати табии заминларза ва расонидани кӯмак ба мардум сафарбар гардида буд, зери сангреза монда, дар натиҷаи он лейтенанти милитсия Шогумбеков Илҳом Таслимбекович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Рӯшон, оиладор соҳиби 2-фарзанд, бо бардоштани зарари вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Инчунин 4 нафар кормандони дигари ШВКД дар ноҳияи Рушон ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.
Айни замон, сафари гуруҳи корӣ ба ВМКБ идома дорад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






