Баррасии масъалаҳои омодагӣ ба замистон дар Қайроққум
Душанбе, 2.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум машварати корӣ баргузор шуд.
Тавре ки аз мақомоти иҷроияи маҳаллӣ хабар доданд, дар машварати кории назди раиси шаҳр масоили таъмини босифати нақшаи қисми даромади андоз, вусъат додани касбомӯзии занону духтарон, таъсиси муассисаҳои нави илмомӯзӣ, ба монанди литсей, мактабҳои хусусӣ, таъмини зинаҳои моддӣ — техникии муассисаҳои таълимӣ, самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва камкунии қарзи бақияи андоз баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа раиси шаҳр Матлубахон Амонзода аз масъулин камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдоштаро пурсон шуда, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва роҳбарони соҳаҳои марбутаро барои таъмини саривақтии самаранокии самтҳои фаъолият дар ҷамъбасти соли 2015, муташаккилона гузаронидани маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ ва омодагии комил ба давраи зимистон ва амсоли инҳо муваззаф намуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






