БМТ: Ҳангоми нофаҳмӣ ва ё муносибати дағалонаи кормандони низоми бонкӣ ба телефонӣ боварӣ занг занед
Душанбе, 9.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имрӯз 124 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла, 17 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 106 ташкилоти маблағгузории хурд, 39 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 31 ташкилоти қарзии хурд, 36 фонди қарзии хурд, 432 филиал, 1 233 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 1 802 нуқтаи интиқоли пул ба мардум хизмат мерасонанд.
Шаҳрвандон ҳангоми пайдо шудани зарурати мубодилаи асъор, интиқоли маблағҳо ё анҷом додани дигар амалиёти бонкӣ метавонанд аз хизматрасониҳои ташкилоти қарзӣ ва филиалҳои онҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳо бемамониат истифода бурда, талаботи худро қонеъ гардонанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии БМТ, дар сурати ба миён омадани нофаҳмӣ, дучор омадан бо муомилаи сарди кормандони бахши низоми бонкӣ ва ё сар задани норасоӣ аз тарафи бахши низоми бонкӣ, муштариён метавонанд ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон бо рақамҳои 600-15-20, 600-31-90 (Шуъбаи сиёсати қурби асъори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон) ва 620-05-39, 600-28-63 (Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ) муроҷиат намоянд.
Аз ҷониби кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳалли мусбати масъалаҳои бамиёномада тадбирҳои фаврӣ андешида мешаванд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






