БМТ: Мубодилаи асъори юани чинӣ рӯзҳои наздик оғоз мегардад
Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- “Дар давоми соли равон барои диверсификатсияи амалиёти берунии асъорӣ созишномаи СВОП бо асъори юани чинӣ ба имзо расид, ки истифодаи босамари он барои кам намудани фишорҳои қурбӣ нигаронида шудааст. Мубодилаи он ба таври пилотӣ рӯзҳои наздик оғоз мегардад”,-гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода 2 декабр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки дар 11 моҳи соли равон қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА 26,7 фоиз паст гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ ва дар ин замина таҳлука ва ҳодисаҳои ҳаннотӣ барои таъмини тағйирёбии муътадил ва қобилияти харидории пули миллӣ, тадбирҳои қатъӣ андешида истодааст.
“Бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор ва суботи қурби сомонӣ фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ манъ шуд ва дар бозори нақдию бозори байнибонкӣ тавассути Низоми электронии савдо амалиёти марбутаро анҷом дода истодаем”,-илова намуд раиси БМТ.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






