БМТ: Мулоқот бо ҳайати бахши молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ

Декабрь 8, 2015 02:52

Душанбе, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҳайати бахши молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аввали моҳи декабри соли равон ба Душанбе ташрифи корӣ ба амал овард ва то 16 декабр фаъолияти худро идома медиҳад.
Дар доираи ин сафари корӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев  бо ҳайати бисёрнафараи бахши молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба баррасии барномаи сесолаи чораҳои маблағгузории сиёсати рушд ва таҳияи барномаи дастгирии техникии Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ролф Берндт мулоқот намуд.
 Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро асосан дар чорчӯбаи андешидани чораҳо барои амалӣ намудани барномаи номбурда ва натиҷаҳои барномаи маблағгузорӣ дар бахши рушд муҳокима намуданд.
Ҷамолиддин Нуралиев зимни мулоқот иброз намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани механизмҳои таъмини устувории молиявӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст. Аз ҷумла, дар бонк Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳо ташкил шуда, аллакай фаъолият дорад. Масъалаи дар назди Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ташкил намудани Кумитаи суботи молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дорад ва корҳо дар самти омода кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”ҷараён доранд.
Роҳбари бахши молиявии ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Ролф Берндт дар навбати худ таъкид кард, ки Бонки ҷаҳонӣ маҳз бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳама он барномаҳои мушаххасу муайяншудаи низоми бонкӣ кумаки техникӣ пешниҳод менамояд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин ҷанбаҳои дигари ҳамкории дуҷонибаи судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд. 

 

 

Декабрь 8, 2015 02:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ