БМТ:Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №177 муҳокима гардиданд

Декабрь 23, 2015 12:36

Душанбе, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи Барномаи дастгирии буҷет, андешидани чораҳо дар самти солимгардонии бонкҳо масъалаи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали 177 Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо ва Тартиби татбиқи ҷораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ ба ташкилоти қарзӣ имрӯз, 23 декабри соли ҷорӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо роҳбарон ва сардорони сохторҳои марбутаи қарздиҳии бонкҳои ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ доир намуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин намояндаи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Дамодаран Кришнамуртӣ иштирок намуд ва бо муаррифии муфассал оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №177 дар назди роҳбарон ва мутахассисони бонкҳои кишвар сухан гуфт. Тавре ки намояндаи Бонки ҷаҳонӣ зимни пешниҳоди муаррифии худ иброз дошт, тағйиру иловаҳои номбурда асосан тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти хусусиятҳои миллии низоми бонкӣ таҳия шуда, барои беҳтар ба роҳ мондани шаклу усулҳои қарздиҳӣ, ташкил ва истифодаи дурусти захираҳо, фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо равона гардидаанд.
Дар ҷараёни муҳокимаи баъзе бандҳои лоиҳаи тағйиру иловаҳо, аз ҷумла оид ба гурӯҳбандӣ ва таснифоти намудҳои қарзҳо, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда миёни иштирокдорони ҷаласа ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ саволу ҷавоб баргузор гардид ва ҷонибҳои  андешаҳои худро баён намуданд.

Декабрь 23, 2015 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд