Боздиди Р. Раҳимзода аз қисми низомии 5453

Декабрь 8, 2015 10:06

Душанбе, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар)- Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба қисми низомии 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ рафта, бо шароити хизмати сарбозону афсарони қисми низомӣ ва вазъи корҳои омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ аз наздик шинос гардид.
Зимни боздид вазири корҳои дохилӣ аз шароити нигоҳдории маводи хӯрокиву сӯзишворӣ, ҳолати ошхона, низоми гармидиҳӣ,  шароити қисми тиббӣ, ҳамчунин аз ҷараёни сохтмони бинои алоҳидаи «Хонаи қаровулӣ»-и қисми низомии мазкур дидан намуд.
Вазири корҳои дохилӣ барои  сари вақт бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани шароити хизмат ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Рамазон Раҳимзода бо сарбозону афсарони қисми низомии 5453 вохӯрда, онҳоро ба ватандӯстию ифтихори миллӣ ва иҷрои софдилонаю содиқонаи вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуд.

Декабрь 8, 2015 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд