Боздиди Р. Раҳимзода аз сохтмони бинои шуъбачаи минтақавии Бартанг
Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари корӣ дар вилояти Бадахшон аз ҷараёни корҳои ободонию созандагии бинои нави шуъбачаи минтақавии Бартанг боздид ба амал оварда, ба масъулин таъкид кард, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, ҷараёни созандагию бунёдкориро вусъат бахшанд.
Мавриди зикр аст, ки бинои шуъбачаи минтақавии Бартанг кӯҳна буда, дар ҳолати фарсудагӣ қарор дошт. Бинобар ин, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тасмим гирифтанд, ки барои нозирони минтақаи Бартанг бинои нави дуошёнаи ба талаботи замона ҷавобгӯ ва бо тамоми шароит муҷаҳҳазро бунёд кунанд
Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар минтақаи мазкур босуръат ҷараён дошта, сохтмончиён бо масолеҳи зарурӣ таъмин мебошанд.
Вазири корҳои дохилӣ бо нозирони минтақавӣ ҳамсуҳбат шуда, таъкид намуд, ки кормандони милитсия бояд ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлӯи мардум бошанд ва дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дигар мушкилоти онҳо кумаку дастгирии худро дареғ надоранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






