Боздошт барои ғайриқонунӣ буридани дарахт

Декабрь 7, 2015 09:46

Душанбе, 7.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 51-солаи ноҳияи Ғончиро бо гумони ғайриқонунӣ буридани дарахт дастгир намуданд.
Бино ба итиилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ муайян карда шуд, ки номбурда 1 декабр ғайриқонунӣ аз мавзеи “Мирамар”-и кӯҳсори деҳаи  Овчӣ 11 дарахти арчаро бидуни ҳуҷҷатҳои дахлдор бурида, ба Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия ба маблағи 3 ҳазору 680 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз зимни чорабиниҳои дигари фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 43-солаи ноҳияи Ғончиро бо гумони ғайриқонунӣ буридани дарахт дастгир карданд, ки номбурда  аз мавзеи “Шабири калон”-и кӯҳсори деҳаи Овчӣ 17 дарахти арчаро бидуни ҳуҷҷатҳои дахлдор бурида, ба Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия ба маблағи 3 ҳазору 920 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

 

Декабрь 7, 2015 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ