Бозомӯзии мутахассисони роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 29.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Вобаста ба ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабр дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани Шаҳодатнома ба мутахассисони соҳаи роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки аз аввали моҳи октябр то охири декабри соли равон дар Литсеи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани ш. Душанбе ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, доир гардид.
Инчунин мутахассисони мазкур дар муассисаҳои КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон барои дарёфти малакаи касбӣ ба омӯзиши амалӣ фаро гирифта шуданд.
Дар маросими супоридани Шаҳодатнома муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Ёрова донишҷӯён ва коршиносони роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба даргоҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, дар мавриди рушди соҳаи нақлиёти роҳи оҳани кишвари дӯст, ҳамфарҳанг ва ҳамзабони мо- Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сухан гуфт.
Дар маросими супоридани Шаҳодатнома ба 28 таҷрибаомӯз сардори Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ямо Шамс, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






