Британия: Русия бояд барои боздоштани ҷанг дар Сурия ба эътилоф кумак расонад
Душанбе, 12.12.2015 (АМИТ «Ховар») .- Русия бояд дар Сурия нақши созандаро бозад ва барои боздоштани ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар ба эътилоф таҳти роҳбарии ИМА кумак расонад, — изҳор дошт вазири дифои Британияи Кабир Майкл Фэллон пас аз музокирот бо роҳбари Пентагон Эштон Картер.
«Мо аз аввал мегуфтем, ки агар Русия мехоҳад ба Сурия, ҷое ки ӯ нуфуз дорад, кумак расонад, ӯро мебояд дастгирии низоми президенти Сурия Башор Асадро қатъ карда, барои боздоштани ҷанги шаҳрвандӣ ба мо кумак расонад, ба бомбаборон кардани гурӯҳҳои мухолиф, ки муқобили низоми Асад мубориза мебаранд, хотима бахшад ва дар раванди гузариши Сурия ба ояндаи гуногунандешӣ нақши созанда бозад», — гуфт Фэллон.
Шурӯъ аз 30-юми сентябр бо дархости президент Башор Асад Русия ба задани зарбаҳои ҳавоии нишонрас ба нуқтаҳои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат ан-Нусра» дар Сурия сар кард. Дар ин муддат, ҚКҲ бо иштироки гурӯҳи киштиҳо аз баҳрҳои Хазар, Сиёҳ Миёназамин садҳо нафар ҷангиён ва ҳазорҳо иншооти террористонро нобуд карданд.
Дар баробари ин, эътилофи зидди ДОИШ-и таҳти роҳбарии ИМА бе доштани ваколати дахлдор аз мақомоти Сурия дар ин кишвар зарбаҳои ҳавоӣ мезанад. Русия бо эътилоф оид ба парвози ҳавопаймоҳо табодули маълумот мекунад, аммо ҳамоҳангсозии зич то ҳол вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, Ғарб Русияро айбдор месозад, ки он на танҳо нуқтаҳои террористон, балки мавқеъҳои ба ном мухолифини муътадилро низ бомбаборон мекунад. Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия ин иддаоро беасос мехонад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






