Чорабинӣ дар қисми низомии 02011 дар Ҷиргатол

Декабрь 25, 2015 04:23

Ҷиргатол, 25.12.2015.  (АМИТ «Ховар»). -Дар арафаи соли нави мелодӣ  дар қисми низомии  02011-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Лахши ноҳияи Ҷигатол   аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва соҳибкорон  дастархони идона кушода шуд.   Дар  чорабинӣ  раиси  ноҳия Умедхоҷаи Зоир,  кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия ва  аҳли фарҳангу ҳунар  иштирок намуданд.  Дар чорабинӣ  ҳамаи хизматчиёни ҳарбии кисми низомии мазкурро бо туҳфаҳои  идона  қадрдонӣ намуданд.
Тибқи нақшаи кории  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Ҷиргатол 26 декабри соли 2015 дар қисми низомии  2120  марбут ба  қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба соли нави мелодӣ   чорабинии идона доир  мешавад.

 

Декабрь 25, 2015 04:23

Хабарҳои дигари ин бахш