Чорабиниҳои «Созандагони Ватан» дар шаҳри Кўлоб
Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар якҷоягӣ бо кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ шуданд. Дирўз дар мақомоти иҷроияи шаҳр бо иштироки роҳбарияти шаҳри Кулоб, созмони ҷавонони ҲХДТ, фаъолони шаҳр ва аъзои фаъоли ҲХДТ ҳамоиш доир шуд.
Зимни чорабинӣ иштирокдорони ҳамоиш аз қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» гарм истиқбол намуда, онро барои рушду такомули миллат, таҳкими сулҳу субот ва таъмини ояндаи неки сокинони кишвар муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуда, ба ҷавонон перомуни хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ, мақсадҳои нопоки гурӯҳҳои ба ном исломӣ суҳбати судманд анҷом дода шуд. Дар чорабинӣ бо даъвати ТҶҶ «Созандагони Ватан» коршиносони масоили динию мазҳабӣ, устодону кормандони соҳаҳои мухталиф сухан гуфта, ба суолоҳои сершумори донишҷӯёну ҷавонони Кўлобшаҳри бостонӣ посух гуфтанд.
Чорабиниҳо дар рўҳияи баланди ватандўстӣ, ифтихор аз меҳану ватани соҳибистиқлол ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст гардиданд.
Дар назар дошта шудааст, ки чунин вохўриҳо дар дигар донишкадаву коллеҷҳои шаҳри Кўлоб доир шуда, ҷавонон ба корҳои хайру созандаи ҷамъиятӣ даъват шаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






