Дар АНМН бухории нав барои сӯзонидани маводи нашъаовар шинонида шуд

Декабрь 8, 2015 12:48

Душанбе, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар охири соли 2001 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бухории нахустин шинонида шуд, ки танҳо барои сӯзонидани маводи нашъаовар пешбинӣ шуда буд. 
Дар давоми понздаҳ соли охир дар ин бухорӣ зиёда 15 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шуд, бинобар ин иқтидори он ба итмом расид. 
Тобистони соли ҷорӣ дар ҷаласаи гурӯҳи кории байналмилалӣ  қарор қабул шуд, ки дар агентӣ бухории нави пуриқтидор шинонида шавад. 
Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои ин мақсад маблағ ҷудо намуд. Тирамоҳи соли ҷорӣ бухории кӯҳна пурра вайрон карда шуда, дар ҷойи он бухории нав сохта шуд. 
     5  декабри  соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар қонунгузорӣ муайяншуда дар ҳузури комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин шабакаҳои телевизионӣ ва хабарии ватанию хориҷӣ маводи нашъаовар аз рӯи 18 парвандаи ҷиноие, ки нисбат ба онҳо мақомоти судӣ ҳукм баровардаанд, сӯзонида шуд.
Маводи нашъаовар бо мақсади санҷиши сифати кории бухорӣ ва омодагии он сӯзонида шуд. Барои санҷиш як миқдори муайяни воситаҳои нашъадор ҷудо карда шуд, ки аз намудҳои гуногуни маводи нашъаовар иборат буданд ва барои муайян намудани суръати нобуд кардани мавод пешбинӣ гардид.  

 

 

 

 

Декабрь 8, 2015 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо