Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид

Декабрь 25, 2015 12:11

Душанбе, 25.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 24-25 декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид.
Ҳайатҳои ду кишвар таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷӣ вазъи кунунӣ ва самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима карда, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Масоили рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар арсаҳо, тавсеаи чаҳорчӯбаи шартномавӣ-ҳуқуқии ташаккулёфта мавриди баррасӣ қарор гирифт.  
Манфиати ҷонибҳо барои татбиқи неруи мавҷуда баҳри васеъ гардонидани номгӯи маҳсулот ва хизматрасониҳо дар тиҷорати мутақобила  таъкид шуд. Зикр гардид, ки ҷаласаи рӯзҳои 23-24 июни соли 2015 баргузоргардидаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон имкон дод, ки ба соҳаҳои ҳамкории мавриди ниёзмандии бештар таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.
Тарафҳо омодагии хешро барои густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илмӣ ва варзишӣ изҳор намуданд.
Ҷонибҳо атрофи масоили дурнамои рушди минбаъдаи СҲШ ва ИДМ, ҳамчунин ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои мазкур табодули афкор карданд. Ҷониби тоҷикистонӣ ба кӯшишҳои Узбекистон барои таҳкими иқтидори СҲШ баҳои баланд дод. Ҷониби Узбекистонӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии раисии Узбекистон  дар ин созмон арзи сипос намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти машваратҳои мунтазами сиёсиро  чун омили муайянсозӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда таъкид намуданд. 

 

 

Декабрь 25, 2015 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд