Дар Хатлону Суғд бештар аз ҳама ҷиноятҳои коррупсионӣ содир шудаанд
Душанбе, 13.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Дар давоми даҳ моҳи соли равон аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ҳазору 498 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин ҳисоб 443 ҷинояти коррупсионӣ дар вилояти Хатлон, 436 дар вилояти Суғд, 339 дар шаҳри Душанбе, 62 дар ВМКБ, 49 дар минтақаи Рашт ва 22 ҷинояти коррупсионӣ дар водии Ҳисор ошкор шудаанд.
Мувофиқи иттилои ба АМИТ «Ховар» пешниҳодшуда 165 ҷинояти коррупсионӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 229 ҷинояти коррупсионӣ дар ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, 130 ҷинояти коррупсионӣ дар соҳаи амалиёти бонкӣ, 74 ҷинояти коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 64 ҷинояти коррупсионӣ дар соҳаи маориф, 26 ҷинояти коррупсионӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, 29 ҷинояти коррупсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ, 18 ҷинояти коррупсионӣ дар соҳаи саноат, 8 ҷинояти коррупсионӣ дар соҳаи гумрук, 30 ҷинояти коррупсионӣ дар Вазорати адлия, 19 ҷинояти коррупсионӣ дар кумитаи андоз, 16 ҷинояти коррупсионӣ дар Вазорати мудофиа, 53 ҷинояти коррупсионӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ, 27 ҷинояти коррупсионӣ дар соҳаи зертобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, 346 ҷинояти коррупсионӣ дар дигар вазорату идораҳо ва 264 ҷинояти коррупсионӣ аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ содир шудаанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






