Дар Ҷидда масоили маблағгузорӣ ба навсозии қитъаи боқимондаи роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб муҳокима мешавад

Декабрь 22, 2015 06:46

Душанбе, 22.12.15. (АМИТ «Ховар»). – Вазири  нақлиёти  Тоҷикистон  Шералӣ  Ганҷалзода барои  муҳокимаи  масоили  маблағғузорӣ ба  навсозии  қитъаи   боқимондаи   роҳи  мошингарди  Кӯлоб – Қалъаи  Хумб  ба  шаҳри Ҷиддаи  Арабистони  Саудӣ  рафт.
Тавре ки   дар  Вазорати  нақлиёти  ҶТ ба АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  дар  ҷараёни  гуфтушунид  масъалаи  маблағгузорӣ ба  ду  қитъаи   роҳи зикршуда  мавриди  муҳокима  қарор  мегирад. 
Ёдовар  мешавем, ки  бозсозии  бархе қитъаҳои   роҳи  мошингарди  Кӯлоб – Қалъаи  Хумб бо  маблағгузории Бонки  исломии  рушд,  Хазинаи  рушди  Арабистони  Саудӣ, Хазинаи  рушди арабии  Кувейт,  Бунёди ОПЕК   ва  Бунёди  Абу  — даби  сурат  мегирад. 
Дар  доираи  татбиқи  лоиҳа   сохтмони  ду  қитъаи  роҳи   Кӯлоб —  Қалъаи  Хумб  бо  масофаи  умумии  40  километр (Шӯрообод – Анҷироби  Поён  ва Анҷироби  Поён —  Шағон)  пешбинӣ  шудааст. Ин  имкон  медиҳад, ки  Тоҷикистон  тавассути  ағбаи  Қулма  бо  роҳи   мошингарди  Карокуруми  Чин  пайваст  гардад. 
Татбиқи лоиҳаи  мазкур ҳаракати нақлиётро  байни Тоҷикистон  ва кишварҳои   ҳамсоя  аз  қабили  Афғонистон, Чин,  Қирғизистон ва  Ӯзбекистон дар  тамоми  давраҳои сол таъмин  месозад. 

 

Декабрь 22, 2015 06:46

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!