Дар Истанбул мошини боркаш оташ гирифта, таркид
Душанбе, 29.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Дар истгоҳи роҳи оҳани Ҳайдарпошои Истанбул як силсила таркишҳо садо доданд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони «Русия 24». Ба гуфтаи шоҳидон, онҳо на кам аз панҷ садои баландро шуниданд ва баъд сӯхтор ба амал омад. Ҳоло муяссар шуд, ки сӯхторро хомӯш кунанд.
Бино ба иттилои агентиҳои иттилоотии маҳаллӣ, дар назди бинои истгоҳи роҳи оҳан мошини калони боркаш оташ гирифт ва эҳтимол меравад, сабаби он норасоӣ дар зарфи сӯзишворӣ бошад. Бар асари он ронандаи мошини боркаш осеб дида, дар беморхона бистарӣ шудааст. Рақамҳои мошини боркаш украинӣ буданд. Полис ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ҳукуматдорони Туркия вазъиятро шарҳ намедиҳанд. Тибқи иттилои «ТАСС», ин ҳодиса тақрибан соати 00:15 бо вақти маҳаллӣ дар терминали хизматрасонии киштиҳои интиқолкунандаи мошинҳо рух додааст.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






