Дар натиҷаи заминларза 212 сар чорво ҳалок шуд

Декабрь 14, 2015 12:08

Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Мувофиқи маълумоти ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Бадахшон, аз тарафи комиссияҳои ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, вазъият дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои аз заминларза зарардида, то  соати 16:00 -и рўзи 13 декабри соли 2015 дар шаҳри  Хоруғ 11 хонаи истиқоматӣ, 1 донишгоҳ, 3 муасисаи таълимӣ, 2 кўдакистон, 1 бинои маданию маишӣ ва 1 бинои маъмурӣ қисман зарар дидааст. 
Маблағи умумии зарар дар шаҳри Хоруғ 263 ҳазору 493 сомониро ташкил дод.
Дар ноҳияи Шуғнон мувофиқи маълумот 28 хона пурра ва 189 хона қисман зарар дидаанд. Инчунин 15 мактаб (аз ҷумла 1 адад пурра), 2 хонаи фарҳанг, 1 маркази саломатӣ, 1 бунгоҳи тиббӣ ва 1 мағоза қисман ва бинои фермаи чорводории мавзеи Гармчашма пурра зарар дидаанд. 
Бино ба иттилои котиби матбуотии кумита Ориф Нозимов, дар ноҳияи Дарвоз мувофиқи маълумот 3 хонаи истиқоматӣ ва 1 бинои хонаи фарҳанг қисман зарар дидаанд.
Дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ 2 хона пурра ва 27 хона қисман зарар дидаанд.
Дар  ҳудуди ноҳияи Рўшон мувофиқи маълумот 128 хона пурра ва 337 хона қисман зарар дидаанд. Инчунин 5 бинои мактаб (аз ҷумла 1 пурра), 3 хонаи фарҳанг, 1 неругоҳи барқии хурд, 1 китобхона пурра ва 2 китобхона қисман, 3 маркази саломатӣ (аз ҷумла 1 адад пурра), 1 бунгоҳи тиббӣ ва 1 бинои маҷлисгоҳ қисман зарар дидаанд. 
О. Нозимов илова намуд, ки дар натиҷаи заминларза 212 сар чорво ҳалок шудааст. 
Маълумот метавонанд бо гузашти вақт дигаргун шаванд, чунки гурўҳҳои кории таъсисдодаи мақомот ба баъзе ҷойҳои аз офат зарардида нав расида истодаанд.

Декабрь 14, 2015 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд