Дар Олмон ифротталаби маъруф Свен Лау маҳбас шуд
Душанбе, 16.12.15. (АМИТ «Ховар»). Хадамоти амнияти Олмон яке аз ифротталабони маъруфтарини исломиро бо гумонбари дастгирии гурӯҳи террористӣ ҳабс намуд, изҳор дошт 15 декабр прокуратураи ҶФО.
Тавре ки ҳукуматдорони Олмон хабар медиҳанд, Свен Лау дар қисми ғарбии шаҳри Менҳенгладбаҳ ба ҳабс гирифта шуд. Мавсуф ба нақзи қонунгузорӣ аз рӯи чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶФО айбдор дониста мешавад. Хадамоти махсуси Олмон мутмаинанд, ки Лау гурӯҳи Ҷайш ал — Муҳоҷирин Вал Ансор, ё JAMWA ро пуштибонӣ мекунад. Прокуратураи Олмон иброз медорад, ки ин исломгарои 35 — сола ҷиҳодро ташвиқ намуда, хостгорони мубориза баҳри JAMWA дар Сурияро ҷустуҷӯ мекард. Ғайр аз ин, номбурда гурӯҳро бо баҳонаи ёрии башардӯстона аз нигоҳию молиявию моддӣ дастгирӣ мекард.
Мушовири бахши амнияти Рейн Вестфалияи Шимолӣ, ки Лау дар он ҷо ҳабс шудааст, номбурдаро чун яке аз таблиғгарони асосию хавфноктарини салафиён дар Олмон қаламдод кард. Лау соли 2014 ба ислом рӯ оварда, кӯшиш менамуд, ки барои таъмини риояи қатъии дини ислом дар Вуппертал пулиси шариатро таъсис диҳад.
«Тарғибгарони салафия, аз қабили Лау бо тарғиби зӯроварӣ ва дастгирии террористон заминаи ҷалби ҷавонон ба равияи тундравиро фароҳам меоранд, — изҳор дошт Ралф Егер, вазири корҳои дохилии Вестфалия. Онҳо ҷавононро ба пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ ташвиқ менамоянд».








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






