«Дарахти дӯстӣ» дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Душанбе, 17.12. 2015. (АМИТ «Ховар). — Имрӯз бо шинонидани “Дарахти дӯстӣ” дар боғи назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон оид ба ниҳолшинонӣ оғоз ёфт. Ҷавонони ҷумҳурӣ, ки аз минтақаҳои гуногун барои иштирок дар семинар дар пойтахт ҷамъ омаданд, дар оғози Амалиёти ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуданд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамроҳи ҷавонони ҷумҳурӣ як дарахти мевадиҳандаро дар боғи назди кумита шинонида, бо мақсади боз ҳам муттаҳид намудани ҷавонон онро рамзан “Дарахти дӯстӣ” ном гузошт.
Роҳбари ҷавонони мамлакат зимни оғози Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон оид ба ниҳолшинонӣ аз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар амалиёти мазкур ширкати фаъолона варзида, дар ободонию бунёдкорӣ ва созандагию сабзазоркунии мамлакат саҳми худро гузоранд.
Таъкид шуд, ки мақсад аз амалиёт бедор кардани ҳисси миллию ватандӯстиии ҷавонону наврасон ва ба ин васила тарбияи онҳо дар рӯҳияи меҳнатдӯстию созандагӣ мебошад.
Масъулини кумита изҳор доштанд, ки Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон оид ба ниҳолшинонӣ дар доираи тавсеа бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ дар партави дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.
Амалиёти мазкур бори аввал набуда, минбаъд низ идома меёбад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






