Даргузашти мусиқишинос Наим Ҳаким
Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳаким Наим Ғаниевич мусиқишинос, номзади илми санъатшиносӣ, узви Иттифоқи композиторон дирӯз, 28-уми декабр аз олам даргузашт.
Наим Ҳакимов омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофиз ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро бо тахассуси рубоб хатм намудааст. Ӯ ташаббускор ва ташкилотчии Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1400- солагии Борбад, конфронси байналмилалии «Проблемаҳои методологии шарқшиносии мусиқӣ», Фестивал- симпозиуми байналмилалии «Шашмақом»-эҳёи анъанаҳои классикӣ дар равобити фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ, Фестивал- симпозиуми байналмилалии «Фалак ва анъанаҳои бадеии халқҳои Осиёи Марказӣ», фестивал- симпозиуми байналмилалии «Мусиқии суннатии Суғди қадим» ва фестивали бачагонаи байналмилалии телевизионии «Донак» буд.
«Ҳакимов Наим аз мусиқишиносони барҷастаи тоҷик буда, аз солҳои 1987 то рӯзи маргаш барои рушди санъати мусиқии касбии тоҷик хизматҳои босазо кардааст. Ӯ дар муаррифии мусиқии миллии Тоҷикистон дар бисёр фестивал- озмунҳои байналмиллалӣ иштирок намуда, ба ҷаҳониён, аз ҷумла Амрико, Фаронса, Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Англия, Олмон ва кишварҳои Аврупо мусиқии миллии Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст. Китобҳое, ки барои санъати мусиқии касбии тоҷик навиштааст, аз ҷониби донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, мактабҳои махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ, Коллеҷҳои санъати ҷумҳуриявӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳакимов Наим Ғаниевич дар мавзӯи фолклори мусиқии тоҷик зиёда аз 40- китоб ва мақолаву тезисҳоро ба нашр расонидааст»,- гуфт раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов.
Ҳамчунин Қудратулло Ҳикматов илова намуд, ки дар тамоми фестивал- озмунҳои байналмиллалӣ оид ба «Шашмақом», «Фалак» ва мусиқии касбии миллии тоҷик Наим Ҳакимов ташаббускор буд ва фавти ӯ барои аҳли фарҳанг ва эҷод талафот аст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






