Даргузашти Шарофиддин Сайфиддинов

Декабрь 25, 2015 09:15

Душанбе, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Cубҳи имрӯз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ Шарофиддин  Сайфиддинов дар синни 86 аз олам даргузашт. 
Шарофиддин  Сайфиддинов соли 1929 таваллуд шуда, хатмкардаи Консерваторияи давлатии шаҳри Маскав мебошад.
Ӯ муаллифи аввалин операи тоҷикӣ бо номи «Пӯлод ва Гулрӯ» аз рӯи романи Раҳим Ҷалил бар матни Файзулло Ансорӣ буда, операи «Рӯдакӣ» ва «Садриддин Айнӣ» низ аз асарҳои маъруфи ин композитори тоҷиканд. 
Ёдовар мешавем, ки Шарофиддин  Сайфиддинов аз соли 1961 то соли 1986 ба ҳайси раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон фаъолият кардааст. 

 

Декабрь 25, 2015 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд