Дарсгурезе, ки IQ-аш аз Эйнштейн баландтар аст, ба Оксфорд даъват карда шуд

Декабрь 15, 2015 09:46

Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Духтараки бритониёӣ Никол Баррро, ки натиҷаи санҷиши IQ-аш баландтар аз Алберт Эйнштейн ва Стивен Хокинг аст, ба таҳсил дар Донишгоҳи Оксфорд даъват карданд. 
Барри сездаҳсола нақша дорад, ки ба омӯзиши тибб машғул шавад. Ӯ ҳисобро дар  2-солагӣ омӯхта, дар 10-солагӣ аллакай масъалаҳои мураккаби алгебравиро ҳал мекард, менависад «The Mail Daily».
Нашрия зикр менамояд, ки бо вуҷуди ин Барр дар мактаб зуд-зуд ба машғулият ҳозир намешуд.  «Ман давомоти на он қадар хуб доштам, модарам маро маҷбур мекард, ки ба мактаб равам», — нақл кард духтарак.
Коэффитсиенти зеҳнӣ (IQ) — и духтарак аз рӯи  натиҷаҳои санҷиши «Mensa» 162 холлро  ташкил медиҳад, ки ин нишондод ду хол беш аз Эйнштейн ва Хокинг мебошад. Ҳисоби миёнаи  IQ-и калонсолон  100 хол аст.

Декабрь 15, 2015 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ