Дарёфт ва мусодираи зиёда аз 34 кило маводи нашъадор
Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 9 декабри соли равон аз ҷониби кормандони милитсия дар кӯчаи А.Дониши шаҳри Душанбе мошини тамғаи “Тайота-Ланд-Крузер”, таҳти идораи ронанда, марди 37-солаи сокини шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Дар вақти азназаргузаронии мошини мазкур аз дохили борхалтаи варзишии мусофир, ҷавони 19 сола, донишҷӯи бахши 3 Донишгоҳи геологияи шаҳри Хоруғ 10 килою 710 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
15 декабри соли равон, зимни чорабиниҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ дар назди маркази савдои “Мардон”, воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуд. Ҳангоми азназаргузаронии мошини шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”, аз дохили борхалтааш 990 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира гардид.
Инчунин ҳангоми азназаргузаронии хонаи хоҳараш- зани 40 солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, аз дохили анборхона 22 килою 680 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира шуд.
Дар маҷмӯъ 34 килою 380 грамм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира гардид.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






